Рӯзҳои 15-17 августи соли 2023 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гржданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» ташкил ва гузаронида шуд.
Чунончӣ, рӯзи 17 августи соли 2023 соати 07:00 то 08:00 дақиқа дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия, зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қисмати амалӣ машқи мукаммал, тарзи дурусти амали зернизомҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои дурусти эвакуатсияи аҳолӣ гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъоли машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравии Раиси Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон оид ба ҳолтаҳои фавқулодда мукофотонида шуданд.
Таҳлил, ҷамъбаст ва баҳогузории машқ аз ҷониби Ситоди роҳбарикунандаи машқ санаи 17 августи соли 2023 соати 12:00 дақиқа дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуда, машқи мазкур бо баҳои «Қаноатбахш» баҳогузорӣ гардид.
Гуфтанист, ки ин гуна машқу тамринҳои омӯзишӣ дар дигар ноҳияҳои кишвар низ гузаронида мешаванд.