Зарари селҳо дар вилояти Хатлон. Ҳалокати 11 сар чорво дар Сангтӯда. Аксҳо аз ҷойи ҳодиса
Чоп шуд: 05/04/2023 | redaktor
Рӯзи 4 апрели соли 2023 тахминан соати 00:20 дақиқа бар асари боронҳои шадид сели бузург ба хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Сайфидин Кабуд, деҳаҳои Селга ва Пахтакори ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зарар расонд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Панҷ гузориш дод, ки ба 66 хонаи истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон обу лойқа даромада, 1 манзил дар деҳаи Пахтакор қисман зарар дидааст.