Дар навоҳии аз селҳои ахир осебдидаи кишвар корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ бо ҷалби сокинон ва техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва сохторҳои дигар идома доранд.
Шаҳри Ваҳдат
31 август соли 2023 дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат корҳои зерини бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ анҷом шуд:
- бо ҷалби зиёда аз 500 нафар сокинони деҳаҳои мазкур бо ҳамроҳии 40 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳашар корҳои тоза кардани қубурҳои обгузари ҳудуди ноҳия, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳои байни деҳаҳо, кӯчаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба анҷом расонида шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои кишвар барои анҷом додани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ 8 адад техникаи муҳандисӣ ҷудо намуд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода гузаргоҳҳо ва 1 пули роҳ дар деҳаи Симиганҷ аз хоку лой тоза карда шуд.
Бо роҳбарии муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозод ҷаласаҳои ҳаррӯзаи Ситод оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат гузаронида мешавад.
Ноҳияи Варзоб
31 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Ғусғарфи ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд:
- хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии Кумита хонаву ҳавлиҳо ва иншооти ёрирасонро аз гил ва санг, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, тоза намуданд.
Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ дар деҳаи зикршуда 150-200 метр канори рӯдхона аз хоку санг тоза карда шуда, айни замон корҳо идома доранд.
Ноҳияи Рӯдакӣ
31 августи соли 2023 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, Чоряккорон, Чортеппа, Навобод ва Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд:
- бо мақсади расонидани кумак ба оилаҳои зарардида бо ҷалби зиёда аз 350 нафар сокинони деҳаҳои мазкур ҳудуди 27 бинои истиқоматӣ, 3 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳҳои маҳаллӣ, кӯчаҳо аз селовардаҳо тоза карда шуданд.
Бо ҷалби 4 адад техникаи муҳандисӣ роҳи деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, роҳи Душанбе-Ҳисор ва шоҳроҳи байнишаҳрии ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ва Навободи ноҳияи Рӯдакӣ аз хоку лой тоза карда шуданд.