Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар
Чоп шуд: 04/03/2023 | redaktor
Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймологияи АМИ Тоҷикистон 4-уми марти соли равон соати 05:23 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази он 370 километрии ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 97 километр ғарбтари кӯли Сарез ва 37 километр ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.