Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Вахш

Бо мақсади иҷрои Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ, вокуниш ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022 ва дастури Раиси вилояти Хатлон “Дар бораи ташкил ва гузаронидани санҷишҳо ва омӯзишҳои маҷмуъии мудофиаи гражданӣ” аз 16 то 18 майи соли 2022 дар қаламрави ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кормандони

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки 22-уми майи соли равон ва шаби 23-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ бориши боронҳои шадиду раъду...

Хабарҳои рӯзи гузашта. Вазиши боди харобкор дар қарамрави кишвар. Боронҳои пуршиддан ва сел дар қаламрави Суғд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар шамоли шадид ба қайд гирифта шуд ва бегоҳӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳое назири шикастани дарахтон ва бардошта шудани боми хонаҳо аз боди сахт хабар расид.

Аз ҷумла 19 май соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар наздикии бинои ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи ба номи Неъмат...

Рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Заминларза, боди шадиде, ки болопӯши бомҳоро канд. Партоби мушакҳои зидди жола ба абрҳои жоларез

Нисфирӯзии 18-уми майи соли равон, соати 12:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 259 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 70 километр шимолу шарқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри...

Ширкати кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар як барномаи телевизионӣ

17 майи соли 2022 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо Нурзода У. – сархатиби вилояти Хатлон, Абдуллоҳзода Х. – мудири бахши  ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Насрулоева Ш. - директори литсей давлати  «Ориёно» - и шаҳри Бохтар ва Ғуломова М. – мудири Муассисаи

Страницы