Нисфирӯзии 18-уми майи соли равон, соати 12:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 259 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 70 километр шимолу шарқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил медод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашдуааст.
Рӯзи 18-уми майи соли 2022 соати 17:52 дақиқа як сокини кӯчаи 50 солаи Тоҷикистон, бинои 27 ба Қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки шамоли сахт болопӯши бинои 4-ошёна кандаву дар ҳоли садмавӣ қарор додааст.
Барои рафъи паёматҳои ин ҳодиса соати 17:57 дақиқа гурӯҳи 1-уми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, соати 18:12 дақиқа ҳолати баамаломадаро бартараф намудаанд.
Ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.
Ҳамчунин соати 19:20 дақиқа занги дигари телефонӣ аз ҳодисае назири ҳодисаи аввал хабар дод. Дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе бар асари боди шадид наздик ба 500 метри мураббаъ боми бинои Энсиклопедияи милли Тоҷикистон дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.
Барои бартараф намудани паёмадҳои ин ҳодиса гурӯҳи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Бо истифода аз таҷҳизоти махсус имдодгарон хатари баамаломадаро рафъ карданд.
Ҳамин гуна ҳодисаҳо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар низ рух доданд.
Дирӯз ҳамчунин кормандони Хадамоти жолаи Кумита бо партоби 58 мушаки зидди жолаи “Алазан” 16 мавзеъи хатари жоларо дар қаламрави ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Кушониён ва Данғараи вилояти Хатлон бартараф карданд.
Дар натиҷа ҳазорон гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуданд.