Ширкати кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар як барномаи телевизионӣ

17 майи соли 2022 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо Нурзода У. – сархатиби вилояти Хатлон, Абдуллоҳзода Х. – мудири бахши  ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Насрулоева Ш. - директори литсей давлати  «Ориёно» - и шаҳри Бохтар ва Ғуломова М. – мудири Муассисаи давлати то мактабии №1-и шаҳри Бохтар дар барномаи «Таҷалои афкор» доир ба мавзӯи «Ғарқшавии шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон ва омилҳои  худкушии  занону  духтарон  дар кӯлу дарёҳо»  ширкат карданд

Дар мизи мудаввар мавзӯи ғарқшавии шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳои вилоят мавриди барраси қарор дода шуда, ҳар як иштирокчии барномаи мазкур оид ба пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохӯш ибрози назар намуд.

Ҳамзамон дар барнома кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар бораи чорабиниҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ доир ба ғарқшавӣ тибқи нақшаи аз қабл тарҳрезишуда нақл карданд.

Онҳо дар муроҷиат ба волидон аз онҳо хостанд, то фарзандони худро беназорат нагузоранд. Бахусус дар мавсими гармо онҳоро ба танҳоӣ ба соҳили кӯлу дарёву обанборҳо нафиристанд.

барчасп: