Санҷишҳои маҷмуъӣ ва омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Хатлон

25 – уми майи соли 2022 дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ҳолати объектҳои мудофиаи гражданиро санҷиданд.

Ҳамзамон  дар доираи ин санҷиш омӯзиш дар мавзӯи “Амали қувва ва воситаҳои Системаи...

Фурӯ рехтани як бинои 10-ошёна дар Ободони Эрон беш аз 10 куштаву зиёда аз 30 захмӣ ба ҷо гузоштааст

Дар шаҳри Ободони Ҷумҳурии Исломии Эрон як бинои 10 - ошёна фурӯ рехтааст ва теъдоде куштаву  маҷруҳ шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳои Эрон даҳҳо мошини ёрии таъҷилӣ ва худравҳои имдод ва як чархбол ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд ва талош барои наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда идома дорад.

Иллати ин ҳодиса то кунун эълон нашудааст ва ҷузъиёти бештаре аз он дастрас нест....

Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Фестивали ҷумҳуриявӣ ширкат карданд

Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”, ки таҳти унвони “Дунё пур аз ҷавонист” баргузор шуда буд, ширкат карданд.

Ин фестивал шоми 23-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар  бинои амфитеатри Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ баргузор шуд. 

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Бохтар

21 – уми майи соли 2022 баҳри пешгирӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳо дар мавсими баҳори тобистони соли ҷорӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ  бо  аҳолӣ  ва  меҳмонони  шаҳри  Бохтар  гузаронида  шуд.

Ҷасади яке аз ноболиғоне, ки дар канали Ҳисор ғарқ шуда буданд, пайдо шуд

Аз ноҳияи Шаҳринав дар бораи дар оби канали Ҳисор ғарқ шудани ду писарбачаи 13 ва 14-сола хабар дода мешавад. Ин ноболиғон сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳия будаанд.

Муддати ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷи ҷасади ноболиғон идома дошт. Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад.

Страницы