21 – уми майи соли 2022 баҳри пешгирӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳо дар мавсими баҳори тобистони соли ҷорӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мазкур бо истифода аз баландгӯякҳо дар нақлиёти махсуси Раёсат дар бозорҳои марказии «Фаровон», «Ҳоҷӣ Шариф» ва дар истгоҳҳои нақлиётию кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар бораи пешгирӣ аз ғарқ шудани сокинон дар обҳо суҳбат карданд.
Инчунин дар гирду атроф ва саҳни Раёсат корҳои ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ, тоза ва нарм кардани зери дарахтон, шохчаҳои хушк шуда ба анҷом расонида дар саҳни Раёсат ва гирду атрофи он 300 адад гулу гулбутаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.