Ҳафтод нафар афсарон ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”, ки таҳти унвони “Дунё пур аз ҷавонист” баргузор шуда буд, ширкат карданд.
Ин фестивал шоми 23-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар бинои амфитеатри Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ баргузор шуд.
Ширкаткунандагон аз КҲФ дар ин чорабинӣ афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ҳудуди гарнизони шаҳри Душанбе буданд.