Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон мерасонад, ки 22-уми майи соли равон ва шаби 23-уми май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи ҷумҳурӣ бориши боронҳои шадиду раъду барқ ва жола интизор меравад. Хатари раъд бештар аст. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тармаву ярч ва резиши санг эҳтимол дорад.
Дамои ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа коҳиш меёбад. Рӯзҳои 21-23 май ҳавошиносон дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи марказ, вилояти Суғд ва наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳоро пешгӯӣ мекунанд.
Рӯзҳои 22-23 майи соли 2022 сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз тариқи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Ёзхсӯ, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло меравад.
Дар натиҷаи боришоти шадид ҳолатҳои фавқулоддаи зерин метавонанд ба амал оянд:
— эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии роҳҳо, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо бар асари селу обхезиҳо;
—Эхтимолияти зери об мондани маҳалхои аҳолинишин бар асари боронҳо дар ҳоли корношоям шудани системаи обпарто ва селроҳаҳо;
— Эҳтимоли зери об мондани қитъаҳои ҷудогонаи роҳҳо, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои хурд, зери об мондани зироатҳои кишоварзӣ;
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои омадани сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми ҷӯю заҳбурҳои наздикии манзили зисташонро тоза кунанд.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд. Ба ҳамаи коидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунед.
Сокинон бояд барои бохабар шудан аз вазъи ҳаво ва ҳолати роҳҳо пайваста ба хабарҳои ВКД, КҲФ ва Вазорати нақлиёти кишвар таваҷҷуҳ кунанд.
Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бетаъхиру фаврӣ бо рақами 112 ва ё ба Қисми навбатдорӣ ба шумораҳои 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат намоянд.