41 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Хатар то рӯзи 23-уми феврал боқӣ мемонад
Чоп шуд: 22/02/2023 | redaktor
21 – уми феврали соли равон дар қаламрави кишвар 41 ҳодисаи лағзиши тарма ва як ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шуд. Танҳо дар ҳудуди роҳҳои байнидеҳавии ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма омад. Гарм шудани ҳаво боиси об шудани барфҳо ва афзудани шумори зиёди тарма мешавад. Роҳҳои байни деҳаҳро муваққатан баста мебошанд.