Заминларза дар Тоҷикистон

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  28 августи соли 2023 соати 09:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Бино ба маълумоти манбаъ маркази заминларза 243 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

барчасп: