Хатари омадани селҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари омадни селҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ боқӣ мемонад.

Кумита аз сокинони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ сокинон бояд сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд.  

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. 

барчасп: