Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба солгарди таъсиси КҲФ (ВИДЕО)

17 августи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии таъсиси Кумита ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти КҲФ, ҳайати шахсии қисми ҳарбии шаҳри Душанбе ва собиқадорон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода суханронӣ ва кормандону ҳайати шахсиро ба ин муносибат муборакбод кард. 

Вай аз аз ҷумла гуфт: “Дар остонаи  ҷашни касбӣ – бистунуҳумин солгарди таъсиси Кумита ба шумо барои корҳои бузурге, ки ҳар рӯз барои наҷоти ҷони одамон анҷом медиҳед, ташаккур мегӯям. Наҷотдиҳанда будан ин шараф аст, ин ҷавонмардист, ин амалест, ки номи нек меорад”.

Хидмати собиқадорони соҳа дар рушди КҲФ ва ҳамкории зич бо ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан таъкид гардид, ки ин имкон дод, ки заминаи моддию техникии Кумита такмил ва навсозӣ шуда, донишу малакаи кормандони КҲФ такмил дода шавад.

Дар ҷаласа инчунин собиқадорони КҲФ суханронӣ ва ҳамкорони худро бахшида ба ин ҷашни фархунда муборакбод карданд. 

Дар вазъияти тантанавӣ барои натиҷаҳои бадастоварда ба кормандон рутбаҳои нави ҳарбӣ, мукофотҳои идоравӣ ва медалҳои ҷашнӣ супурда шуданд.

барчасп: