17 августи соли равон дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо ширкати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Майдони Парчами Давлатӣ ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири маориф ва илми кишвар Раҳимҷон Саидзода иштирок намуданд.
Пачами давлатӣ дар як вазъи ботантана аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ афрошта шуд, ҳамчунин зери пояи он гулчанбар гузошта шуд.
Гуфтанист, ки Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда зебу зиннат дода шудааст, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам менамояд.
Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат дода, сокинони ноҳияро ба анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.