Тоҷикистон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия як гурӯҳи наҷот мефиристад!
Чоп шуд: 07/02/2023 | admin
Бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.