Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷие роҳандозӣ мекунанд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.
Ҳодисаи аввал рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати 11:14 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохӯш дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш хабар расид. Гуфта мешуд, ки кӯҳгардон-шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30 декабри 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуд ва дар натиҷа осеби ҷисмонӣ дидааст. Бино ба гуфтаи манбаъ қабурғааш шикастааст.
Аз ҳисоби наҷотдиҳандагони пуртаҷриба фавран як гурӯҳи имдод созмон дода шуд. Онҳо бо воситаи чархболи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш равон шуданд.
Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуданд ва пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳгардро пайдо карданд.
Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад, интиқоли кӯҳгарди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд.
Рӯзи гузашта, 20-уми июли соли равон, соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг заданд ва аз ҳодисаи дуюм хабар доданд. Ду нафар гардишгарони хориҷӣ аз тариқи телефони маҳвораӣ тамос гирифтанд. Онҳо ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 буданд, ки бино ба гуфтаи худашон бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.
Тибқи дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда наздик мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд. КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки ба танҳоӣ сайри кӯҳҳо равед.
Вале агар рафту шуморо зарур омад ба танҳоӣ кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин қасдатон аз ин сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад.
Дар сурати рӯбарӯ шудан ба ҳодисае ҳатман ба мақомоти марбута, ба хешонатон хабар диҳед.