Бо мақсади тақвият додани донишу малака ва расонидани ёрии амалӣ ба масъулини кадрии ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи омӯзишӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси фармоиши Раиси Кумита, 20 июли соли 2023 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита курси омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар курси омӯзишии мазкур сардорони Шуъба ва бахшҳои кадрии ҷузъу томҳо ва муовинони аввал-сардорони ситоди қисмҳои ҳарбии Кумита ҷалб гардиданд.
Муовини Раиси Кумита генерал-майор Исозода С. ва сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Аҳмадзода М. курси мазкурро бо суханони ифтитоҳӣ ва раҳнамункунанда оғоз бахшиданд.
Дар курси омӯзишии мазкур тибқи нақшаи тасдиқгардида масъулини Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар мавзӯъҳои талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” оид ба қабули шаҳрвандони дар эҳтиёт қарор дошта ба хизмати ихтиёрии ҳарбӣ, пешниҳод ба вазифаҳои баландтар, баробар, паст ва рухсат намудан аз хизмати ҳарбӣ, сарфароз гардонидан бо рутбаҳои навбатӣ, пеш аз мӯҳлат, як зина боло аз рутбаи ҳарбии дар штат пешбинигардида, давомнокӣ, ибтидо ва хотимаи хизмати ҳарбӣ талаботҳои Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди татбиқи ҷазоҳои интизомӣ, тарзи пешниҳод намудан барои сарфароз гардонидан бо медалҳои соҳавӣ, ҷашнӣ, ифтихорнома ва раҳматнома, тарзи пур намудани штатка, маълумотномаи сифатнокӣ ва маълумотнома, тартиби кор бо парвандаҳои шахсӣ, тайёр намудани картатекаҳо ва пур намудани дафтарчаҳои меҳнатӣ, дарёфти номзадон ба вазифаҳои холии афсарӣ ва прапоршикӣ, гузаронидан сӯҳбат бо онҳо, тарзи гирифтани аризаи номзадон ва тайёр намудани варақаи омӯзишӣ барои онҳо ва дигар масъалаҳо дар самти фаъолияти кадрӣ гузаронида шуда, намунаи дурусти ҳуҷҷатҳои дахлдор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти фаъолият ҳамчун кӯмаки амалӣ тариқи электронӣ ба онҳо дода шуд.
Ҳамзамон дар рафти омӯзиш ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти самти кадрӣ ва тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ мубодилаи таҷриба намуданд.