Корманди шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, прокуратура, шуъбаи кор бо занон ва оила ва шуъбаи маориф дар соҳилҳои оби ноҳия бо истироҳаткунандагон вохӯрданд. Мутахассисон миёни мардум корҳои таблиғотӣ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатар дар обҳо бурданд.
Дар ин дидору мулоқот ба аҳолӣ дар бораи оббозӣ дар фасли гарм ва сабабҳои ҳодисаҳои нохуш дар обҳо нақл карданд.
Онҳо гуфтанд, ки пеш аз ҳама бояд волидон фарзандони хурдсоли худро зери назорат дошта бошанд. Зеро ба танҳоӣ шиноварӣ кардани ноболиғон дар бисёр мавридҳо боиси ҳодисаҳои нохуш мешавад.
Сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Тоҷикобод ба ин назар аст, ки аксари ҳодисаҳои нохуш дар обҳо, ки ба фоҷеа меанҷомад, дар минтақаҳое рух медиҳанд, ки барои оббозиву шиноварӣ иҷозат дода нашудаанд.
Мубаллиғон ҳамчунин дар бораи баъзе қоидаҳои муҳим дар оббозӣ бо мардум суҳбат карданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки ҳангоми мастӣ ва ё сархӯшӣ аз шароб набояд вориди об шаванд.
Риояи қоидаҳои бехатарӣ гарави аслии саломатӣ аст. Одамон бояд қабл аз он ки вориди об шаванд, бояд аввал қоидаҳои оббозиву шиновариро донанд ва ҳатман дар ҷойҳое оббозӣ кунанд, ки иҷозат дода шудаанд.