Дуюмин садамаи маргбори мошин дар қаламрави вилояти Суғд зарфи ду рӯзи охир. КҲФ ҳушдор медиҳад!
Чоп шуд: 02/09/2022 | redaktorШабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои як садамаи маргбор иштирок карданд.
Аз ин ҳодиса соати 00:20 рӯзи 1-уми сентябр ба қисми навбатдории Раёсат хабар доданд. Дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд садамаи мошин рух дода буд.