Баргузории ҷаласаи Коллегия оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2023

7 июли соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва иштироки Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор А. Маҷидзода ҷаласаи коллегия оид ба натиҷаи фаъолиятҳо дар шаш моҳи гузашта баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои низомии он иштирок намуданд. 

Дар ҷаласа масъалаҳои тадбирҳои андешидаи КҲФ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар давраи ҳисоботӣ, муваффақияту камбудиҳои бадастомада, инчунин чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд баррасӣ шуд.

 Аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои он дар нимсолаи дуюми соли 2023 муовини якуми Раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода суханронӣ намуд. Дар бораи тартибу интизом дар қимҳои ҳарбӣ, сиёсати кадрӣ ва ғайра муовини Раиси Кумита генерал-майор И.Иброҳимзода сухан ронд.

Ҳамчунин ҳисоботи роҳбарои Сарраёсатҳои Кумита ва Раёсатҳои КҲФ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ дар бораи корҳои анҷомшуда шунида шуданд. 

 Дар ҷаласа татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, талафоти ҷонӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини омодагии қувваҳо ва воситаҳои КҲФ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи дуюм дониста шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин ба вазъи омодагии ҳарбӣ, сиёсӣ, сафарбаркунии қисмҳои низомӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи қӯшунҳо, таъминоти моддию техникӣ ва озуқаворӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техника, аслиҳа ва фароҳам овардани шароит барои омодагиҳои ҳарбии хидматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.  

 Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор А. Маҷидзода дар суханронии худ барои беҳбуди корҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо ҳамкории вазорату муассисаҳоро омили аслии пешрафт донист ва ба диққати бештар додан ба ҳодисаҳои нохуш дар обҳои кишвар таъкид намуд. 

Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам  Назарзода коллегияро ҷамъбаст намуда, дар бораи ҳадафҳои дар пешистода, аҳамияти иҷрои фармону супоришҳои дахлдори Сарвари давлат, аз ҷумла иҷрои бечунучарои вазифаҳое, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ба зиммаи Кумита гузошта шудаанд, татбиқи босамари Барномаҳои қаблан қабулшуда, инчунин риояи қатъии интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ, баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита сухан ронд. Раиси Кумта риояи интизоми ҳарбиро гарави аслии пешравиҳо донист.

Дар охир коллегия вазифаҳоро барои нимсолаи дуюми соли 202 муайян намуд. 

барчасп: