Марги ду нафар дар як тасодуф дар шаҳри Душанбе. Пайдо кардани ҷасади пиразани танҳо дар манзилаш

5 июли соли 2023 тахминан соати 15:40 дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонии пойтахт, дақиқан дар хиёбони Рӯдакӣ бар асари як тасодуф ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

Як мошини сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», ки аз ҷониби як сокини 26-солаи деҳаи Пурзободи ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб идора мешуд, бо мошини боркаши “Дулан” бархӯрд. Ҳангоми фоҷеа дар мошин як хонуми 54-сола, сокини деҳаи Пурзобод низ менишаст.

Дар натиҷаи ин сонеҳа ронанда ва мусофири мошини «Мерседес-Бенс» дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд. 

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус ҷасади куштагони ин тасодуфро аз дохили мошини чаппашуда берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар ба ронандагон ёдрас мекунад, ки яке аз  сабабҳои тасодуфҳо, ки билохира ба марги инсонҳо меанҷомад, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо мебошад. Аз ҷумла, баланд будани суръати ҳаракат ҳамеша хатарнок аст, чун ронанда дар ҳоли пеш омадани ҳодисае наметавонад ба роҳатӣ мошини худро идора намояд.  

Ғайр аз ин, 5 июли соли 2023 навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки як сокини солманди кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтхат, хонаи 45/1 чанд рӯз аст, ки аз хонаи худ берун намеояд. Ягон сару садое аз дохили хона ҳам шунида намешавад, ба занги дар ва куфтани он посух ҳам намедиҳад. 

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, дарро боз карданд ва диданд, ки дар дохили хона пиразане 83-сола аз дунё гузаштааст ва чун танҳо мезист, касе хабар наёфт, ки ин ҳодиса кай иттифоқ уфтодааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба кормандони  милитсия супурданд. Дар айни замон сабабҳои марги пиразан муайян карда мешаванд. 

Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки имдодгарон бо даъвати як сокини кӯчаи Рӯдакӣ-179 ки мегуфт дари хонааш бастаасту наметавонад ба он ворид шавад, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва ба бонуи ҷавон барои боз кардани дараш кумак карданд.

барчасп: