Кормандони идораи наҷот бояд як қатор хислатҳои шахсӣ дошта бошанд: устувории равонӣ, устувории ахлоқӣ, интизомнокӣ, худтанзимкунӣ, маҳорати кори дастаҷамъӣ, қобилияти қабули қарор ва масъулият ба он, ёрии саривақтӣ ба одамон ва ғайра.
Бо дарназардошти ин бо мақсади татбиқи дастурҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушд ва тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи ба номи Алишер Навоии шаҳри Душанбе сайругашти дастаҷамъона бо роҳи махсус - терренкур гузарониданд, ки онро "пайроҳаи саломатӣ" низ меноманд.
Бояд гуфт, ки барои кормандони бахши наҷоти КҲФ дар ҳоли саломатии хуб будан бағоят муҳим аст. Ин аст, ки ҳамеша машғул будан ба варзиш як шуғли доимии онҳост ва сайругаштҳои имрӯза идомаи ҳамин тадбирҳо барои саломатианд.
Маврид ба таъкид аст, ки чунин дарсҳо дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумита дар вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои баргузор мешаванд.
Терренкур лафзи фаронсавии terrain — ҷой, макон ва cours — роҳи саломатӣ буда, як шеваи «озоди» сайругашт, роҳпаймоии дастаҷамъӣ ё ба танҳоӣ мебошад, ки тобовариро рушд медиҳад кори системаи дилу рагҳо ва роҳҳои нафаскаширо беҳтар мекунад, табодули модаҳоро дар бадан ба низом медарорад.