Раёсатҳои КҲФ шаш моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуданд

шаш моҳи фаъолият

6 июли соли 2023 дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Душанбе ва ВМКБ фаъолияти шашмоҳаи воҳидҳои сохтории КҲФ дар нимсолаи аввал ҷамъбаст гардид.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо як қатор тамоилҳои шаш моҳи охир қайд шуданд ва таваҷҷуҳи ширкаткунандагон ба рӯйдодҳои эҳтимолии оянда ҷалб карда шуданд.

Дар ин нишастҳо ҳисоботи ҷонишинони сардорони раёсатҳо, сарварони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд шунида шуданд. Баромадкунандагон бар пояи рақамҳои расмӣ вазъро таҳлил намуданд, аз ҳаводиси рухдода дар ҳудуди ин вилояту шаҳрҳо дар шаш моҳи сипаришуда изҳори назар карданд. 

Дар поёни ҷаласаҳо вазифаҳои асосии Раёсатҳо дар нимсолаи дуюми соли 2023 муайян карда шуданд. Аз ҷумла:

- ташкил ва роҳандозии чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба ҳалокати одамон ва маҷрӯҳ шудани онҳо;
- татбиқи назорати иҷрои корҳои соҳилбандӣ;
- боло бардоштани сифати омодагиҳои касбии кормандони раёсатҳо;
- идома додан  ба дидору мулоқотҳо миёни аҳолӣ дар мавсиими оббозӣ ва ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ.

 

 

барчасп: