Сел дар ноҳияи Айнӣ

Сел дар ноҳияи Айнӣ

5 июли соли 2023 тахминан соати  16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 14-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷекент дар натиҷаи боронҳои шадид сел омад. Роҳ дар ин қитъа муддате барои ҳаракати мошинҳо номумкин шуд.

Барои роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуд.

Бо талоши хадамоти роҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд соати 19:40 дақиқа роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид.

Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

барчасп: