29 сол дар суҳбати генерал Ҷамшед Камолзода бо “Ховар”

Генерал-майор Ҷамшед Камолзода- Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хбарагузории “Ховар” гуфтааст, ки дар давраи солҳои 1994-2023 хизматчиёни ҳарбии Кумита ва ҷузъу томҳои он дар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кумак ба аҳолии зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошта, аз тарафи роҳбарияти давлат борҳо қадрдонӣ шуданд.

Танҳо давоми солҳои фаъолияти Кумита дар ҳудуди ҷумҳурӣ  офатҳои табиӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Конибодом, Ашти вилояти Суғд, Роштқалъа, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Неругоҳи обию барқии Помир-1 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Панҷ ва Фархори вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Рӯдакӣ, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Шаҳринав, Роғун, Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ ба амал омаданд, ки ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат хисороти зиёд ворид намуданд. Инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида кумаки яквақтаинаи моддӣ, кумакҳо дар намуди хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ҷиҳози рӯзгор ҷудо гардида, ба воситаи техникаи боркаши Кумита ба ноҳияҳои осебдида расонида шуд ва манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба аҳолӣ супорида шуданд.

Матни комили суҳбати генерал Камолзода ин ҷост: ИДИ КАСБӢ МУБОРАК! Тайи 29 сол мақомоти мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода баробари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушд ёфт

барчасп: