Паёмадҳои сели харобкор дар ноҳияи Айнӣ бартараф мешавад

сели дар ноҳияи Айнӣ

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ барои рафъи паёмадҳои сели харобкор корҳои зерин анҷом шуданд:

- бо ҷалби 7 адад техника ва 92 корманди корхонаҳо ва муассисаҳои ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Урметан, ҳамчунин сокинони  маҳаллӣ бо усули ҳашар 2 хонаи истиқоматӣ, 7 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳи мошингард, 300 метр селроҳа, 300 метр кӯчаҳо, пиёдагузарҳо ва каналҳои об аз лойю лойқа ва сангу рег тоза карда шуданд.

- ширкати мобилии  «TCEL» ба осебдидагон 4 тонна орд кумак намуд, ки фавран ба 27 хоҷагӣ тақсим карда шуд. Ин ширкат ҳамчунин ба ҳар хонаводаи зарардида 5 литрӣ равғани рустанӣ ва 10 килоӣ биринҷ тақсим намуд.

барчасп: