Офтобгирӣ. Кай ва чаро?

Ризо Баҳромзод, донишманди ҷавони тоҷик дар бораи ҳодисаи астрономии гирифтани Офтоб хабар дод. Вай дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Имрӯз яке аз ҳодисаҳои ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз Тоҷикистон ҳам мушоҳида карда мешавад. Оғози гирифт соати 15:27:58,2, максимуми он дар 16:39:11.6, ва дар соати 17:43:46.7 (ба вақти Душанбе) анҷом меёбад, аммо ғуруби Офтоб пеш аз поёни гирифт ба амал мояд.

Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар Хатлон

Рӯзҳои 20-21 октябри соли ҷорӣ дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании Марказ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (Заминларза)” ва расонидани кумаки амалӣ – методӣ бо гузаронидани  машғулиятҳои  намунавӣ  гузаронида  шуд.

Марги як духтари 16-сола дар ҷамоати Шинг, ки танҳо чорво мечаронд

Шабонарӯзи гузашта ба қаламрави кишвар ҳодисаи нохӯше рух дод, ки бар асари он як духтари 16-сола ҷон бохт. Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, рӯзи 23-уми октябри соли равон тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 27-уми октябр ҳаво абриву боронӣ хоҳад буд! ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 27-уми октябри соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 1500 м) ин борон ба барфи тар табдил мешавад. Ғайра аз ин дамои ҳаво дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ сард мешавад.

Мастие, ки боиси ҳалокати шаҳрванд шуд

Як сокини 44-солаи кӯчаи ба номи А. Бобоҷонови ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз дуди ғализи кӯрпачаи хонааш ба ҳалокат расидааст. Дар хабар омадааст, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 22-уми октябри соли ҷорӣ рух додааст.

Шаҳрванд дар ҳоли мастӣ сигор кашидаву дар ин асно хоб бар ӯ ғалаба кардааст ва аз сигори дасташ кӯрпачаи хона...

Страницы