Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 27-уми октябр ҳаво абриву боронӣ хоҳад буд! ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 27-уми октябри соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 1500 м) ин борон ба барфи тар табдил мешавад. Ғайра аз ин дамои ҳаво дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ сард мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад,ки ҳавои сарду борону барф метавонад боиси ях бастан ва ё талафи ҳосили кишварзии онҳо шавад. Аз ин рӯ, Кумита ёдовар мешавад, ки сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили боқимонда ва пӯшидани ҳосили норасида дар саҳро гарави аслии ба талафоти зироат роҳ надодан аст.   

КҲФ ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад мушкилоти роҳҳои кӯҳиро дар оғози фасли сард ба хотир оранд. Ҳавои сарду боронӣ метавонад ба гардишу ҳаракати мошини шумо мушкил эҷод кунад. Аз ин рӯ, қабл аз сафар мошинҳои худро ҷиддан аз назар гузаронед.

Риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ронандагон гарави аслии амният аст.

барчасп: