Рӯзҳои 20-21 октябри соли ҷорӣ дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании Марказ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (Заминларза)” ва расонидани кумаки амалӣ – методӣ бо гузаронидани машғулиятҳои намунавӣ гузаронида шуд.
Мақсади гузаронидани чорабинӣ иҷро ва амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ба нақшагирии дурусти тадбирҳои огоҳкунии чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва амалу бартарафкунии ҳодисаҳои фавқулодда, иҷроиши нақшаи пешгирии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, муайян намудани омодагии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (Заминларза), роҳандозии корҳои наҷот ва ғайра буд.
Дар чорабинии мазкур 60 инафар кормандони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят иштирок намуданд.