Зарфи 16 соли охир дар Тоҷикистон 4232 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд ва ҳаҷми зарари расида беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумори офатҳои табиӣ 2,3 баробар ва ҳаҷми зарари расида аз ин офот 1,2 баробар афзуд. Дар ин офот 411 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар нишасти нуҳуми вазирони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори назар намуд.
Ин ҳамоиш рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвари мо ширкат намуданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда афзуд: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваставу ҳамеша ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо бар асоси Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар доираи ҳамин барнома Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2019-2034 ва Барномаи миёнмуҳлати давлатии ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода дар солҳои 2023-2028-ро қабул намуд.
Рустам Назарзода дар ин нишаст ҳамчунин хабар дод, ки бо муовфиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми сентябри соли 2024 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи Осиё ва Уқёнуси Оромии мудирияти иттилооти офатҳои табиӣ (APDIM) ҷаласаи минтақаиро бо унвони “Дарки таъсири тӯфонҳои ғубор ба пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: дар роҳи ҳифозат ва ҳамкорӣ” баргузор мекунад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷаласаи ёдшудаи вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Аз ҷумла, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар қаламрави кишварҳои узви ЭКО, Харитаи роҳ ва пешниҳодҳо/лоиҳаҳои Барномаи чаҳорчӯбаи минтақавии ЭКО оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ (ECORFDRR) барои солҳои 2021-2025, роҳҳои ҳалли амалии зиёд кардани маблағгузорӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, «Ҳеч касро пушти сар нагзорем»: идораи хатарҳои фоҷеа бо ҳассосияти ҷинсӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар ин нишаст мушкилоти муштараки кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳру уқёнусҳо надоранд бо ёрии ҷаласаҳои фаннӣ дар мавриди таҳдидоти аслие, ки кишвари мизбон Тоҷикистон бо он рӯбарӯ аст, баррасӣ шуда, барои рафъи ин мушкилот табодули назар сурат гирифт.
Дар конфронс қайд карда шуд, ки иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор ба рушди муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намуда, чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 як чаҳорчӯбаи ҷаҳонии хатари офатҳои табиӣ маҳсуб мешавад.
Дар чамъбасти ҷаласа Эъломияи Душанбе кабул карда шуд.