Activities calendar

05 сентября 2024

Баргузории 15-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СПАД

5 сентябри соли 2024 дар майдони тамринии «Остона – шаҳри сахраӣ», воқеъ дар мавзеи Тамғали Таши вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок кард.

Тамринҳои муштараки воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД дар Қазоқистон ба поён расид

Рӯзҳои 4-5 сентябри соли 2024 дар вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» («Скала-2024») бо воҳидҳои мақомоти ваколатдор дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Давлатхои аъзои СПАД доир шуд.

Дар ин тамрин наҷотбахшон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Форуми муштараки Кумита

Форуми муштараки Кумита

4 сентябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми натиҷагирии ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд дар мавзӯи  “Коҳиши таъсири хатари офатҳои табиӣ бар асари тағйири иқлим ба шахсони имконияташон маҳдуд” баргузор ...