4 сентябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми натиҷагирии ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои ҷамъиятии шахсони имконияташон маҳдуд дар мавзӯи “Коҳиши таъсири хатари офатҳои табиӣ бар асари тағйири иқлим ба шахсони имконияташон маҳдуд” баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ, генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, Занони маъюбиятдоштаи “Сафои Конибодом”, “Ҳимояи ҳуқуқҳо ва рушди имкониятҳои ношунавоён ва нобиноёни-ношунаво” ва “Муввафақ” иштирок намуданд.
Дар нишаст масъалаҳои тағирёбии иқлим, ба инобат гирифтани талаботҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳолатҳои фавқулодае, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал меоянд, кор бо шахсони маъюбиятдошта дар мавриди ҳолатҳои рух додани ҳолати фавқулода ва дигар масъалаҳо баррасӣ гаштанд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур, ин ташкил намудани Шурои ҳамкорӣ дар масаъалаҳои шахсони имконияташон маҳдуд дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, баррасии протоколҳои наҷот додани маъюбон дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва қабули муроҷиатномаи роҳҳои коҳиши таъсири тағийрёбии иқлим ба шахсони имконияташон маҳдуд буд.