Activities calendar

02 сентября 2024

Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ сабаби интиқол 8 хонавода ба ҷойи амн шуд

31 августи соли 2024, соати 18:10 дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух дод. Дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шуд.

Садамаи мудҳиш дар Федератсияи Русия сабаби марги 8 нафар шуд. Мошин мутааллиқ ба як шаҳрванди Тоҷикистон буд

Бино ба маълумоти пешакии Маркази навбатдори идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия, 1 сентябри соли 2024 соати 11:00 (бо вақти Маскав) дар ҳудуди ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород дар километри 357-уми шоҳроҳи Самара-Маскав автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи ронанда, шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дучори садама шуд.