Бино ба маълумоти пешакии Маркази навбатдори идораи ҳолатҳои бӯҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия, 1 сентябри соли 2024 соати 11:00 (бо вақти Маскав) дар ҳудуди ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород дар километри 357-уми шоҳроҳи Самара-Маскав автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс» таҳти идораи ронанда, шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дучори садама шуд.
Дар хабар гуфта шудааст, ки сабаби садама баногоҳ кафидану аз кор хориҷ шудани чархи чапи пеши мошин буд.
Ҳангоми ин рӯйдоди нохуш дар мошин 12 нафар савор буданд.
Дар натиҷаи садмаи мудҳиш 8 нафар дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун фавран ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ва кормандони Хадамоӣти роҳ фаъолият доранд.