Дар 16 соли охир Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар дидааст
Чоп шуд: 20/09/2024 | adminЗарфи 16 соли охир дар Тоҷикистон 4232 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд ва ҳаҷми зарари расида беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумори офатҳои табиӣ 2,3 баробар ва ҳаҷми зарари расида аз ин офот 1,2 баробар афзуд. Дар ин офот 411 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...