КҲФ дар бораи сабабҳои афзоиши заминларзаҳо дар қаламрави ВМКБ. Ҷойи нигаронӣ нест, аммо эҳтиёт бояд кард!

Тайи 24 соати охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як силсила заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни мардум “тафсир”-ҳои зиёдеро ба бор овард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии воҳима ва ё нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори тавзеҳот шуд.

Дар маълумотномаи пешниҳоднамудаи Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла зикр шудааст:

«...27 августи соли 2024 соати 12:29 ба вақти маҳаллӣ заминларза ба шиддати М=4,9 дар ҳудуди ВАБК ба кайд гирифта шуд. Маркази зилзила дар 25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Рӯшон воқеъ буд. Манбаи заминларза дар умқи 40-45 километр (аз рӯи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умқи 10-15 километр), дар минтақаи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт. Тибқи маълумоти пешакӣ, шиддати зилзила дар маркази заминларза 5-5,5 баллро ташкил додааст. Заминларзаи 4-4,5 дараҷа дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон ба бинову иншоот осеб нарасондааст.

Шаби 18 сентябри соли 2024 дар ин мавзеъ боз се заминларза бо шиддати M=4,3, M=4,2 ва M=4,1 ба қайд гирифта шуд.

Дар шаҳри Хоруғ заминларзаи шиддаташ 3-4 балл сабт шуд. Манбаъҳои ин заминларзаҳо дар умқи 10 километр муайян шудаанд. Маркази заминларза ба заминларзаи 27-уми августи соли 2024 наздик буда, дар мавзеи шикасти зеризаминии Бартанг-Пшарт, дар масофаи 20-25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Аз ин бармеояд, ки ин заминларзаҳо пасларзаҳои заминларзаҳое мебошанд, ки 27 августи соли 2024 рух додаанд. Одатан баъди зилзилаҳои сахт пасларзаҳо аз 1-2 ҳафта то 1-2 моҳ ва бештар аз он давом мекунад...».

МАЪЛУМОТНОМА: Афтершок (анг. Aftershock) – пасларза. Ба заминларзаи хурдтаре гуфта мешавад, ки пас аз як заминларзаи бузургтари қаблӣ ва дар ҳамон минтақа рӯй медиҳад. Агар як пасларза аз заминларзаи пеш аз худ бузургтар бошад,  номи пасларза ба заминларзаи аслӣ тағйир мекунад ва заминларзаи аввалия пешларза ном мегирад.

Пасларзаҳо ларзаҳои хурдтари замин ҳастанд, ки бар асари ҷобаҷо шудан ва ҷо уфтодани пустаи замин пеш аз вуқуъи заминларза падид меоянд. Пасларзаҳо мумкин аст соатҳо, рӯзҳо ва ҳатто моҳҳо идома кунанд.

Пасларзаҳо метавонанд бисёр хатарнок бошанд, зеро қобили пешбинӣ нестанд ва метавонанд боиси фурурехтани сохтмонҳое бишаванд, ки дар ҷараёни заминларзаи аслӣ фуру нарехта буданд. 

Бояд гуфт, ки тарқиши зеризаминии Бартанг-Пшарт сарҳади қисматҳои шимолӣ ва ҷанубии Помир буда, дар байни Хоруғ ва Рӯшон, қад-қади дарёи Бартанг, кӯли Сарез ва Мурғоб аз шарқ то сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тӯл мекашад. 

Қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз ноҳияҳои аз зилзилахез дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар сол дар ҳудуди он заминларзаҳои шиддаташон гуногун дар умқи мухталиф ба қайд гирифта мешавад. Бамаврид аст зикр кунем, ки биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳрҳои мамлакатамон, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ воқеъ гардидаанд, ба заминҷунбии 8—9 балл тоб меоваранд.

Муҳим аст одамоне, ки дар навоҳии зилзилахез истиқомат мекунанд, чораву тадбирҳои хеле одии амниятӣ андешанд ва донанд, ки дар вақти заминларза чӣ бояд кунанд. Дар хотир дошта бошед, одамоне, ки то заминларза, вақти зилзила ва баъди он медонанд чӣ кор бояд кунанд, дар вуҷуди худ эҳсоси тарс намекунанд. Ҳолати ҳаяҷону ошуфтагиро ба зудӣ бартараф месозанд. 

Вақте замин меларза, хок ба ҳадди эҳсосшаванда ба ҷунбиш меояд ва ин ҳолат мутаносибан чанд сония ва бештар аз ҳама беш аз як дақиқа дар вақти заминларзаи шадид идома мекунад.

Такони замин тарсовар аст ва хеле нохушкунанда, вале шумо роҳи дигаре ба ҷуз ин ки сабр кунед, то он ба анҷом расад, надоред. Аз ин рӯ тавсия мешавад, ки ором бошед ва ботаваҷҷуҳ. Дар ин сурат шумо шонси бештари безарар мондан аз заминларза хоҳед дошт. Гузашта аз ин одамони дигар ба шумо пайравӣ мекунанд ва ва ин худ бурди онҳост.

барчасп: