Баргузории 15-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои узви СПАД

5 сентябри соли 2024 дар майдони тамринии «Остона – шаҳри сахраӣ», воқеъ дар мавзеи Тамғали Таши вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок кард.

Дар кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин  Котиби Генералии СПАД. И.Тасмагамбетов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус В. Синявский, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ч. Аринов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон Б. Ажикеев, вазири корҳои мудофиаи гражданй, вазъияти фавкулодда ва рафъи офати табиии Русия А. Куренков ширкат карданд.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ч. Аринов гузашт.

Мавзӯъҳои асосии баҳс дурнамои ҳамкориҳои минбаъда бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати истифодаи неруи онҳо дар расонидани кумак ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодда, натиҷаҳои тамриноти махсуси «Рок-2024», тасдиқи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2025, густариши ҳамкориҳои амалии воҳидҳои наҷот, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи кишварҳои узви СПАД нигаронида шудааст, иборат буд.

Дар поёни мулоқот бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД дар самти мудофиаи гражданӣ Протокол ба имзо расид.

барчасп: