Тамринҳои муштараки воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД дар Қазоқистон ба поён расид

Рӯзҳои 4-5 сентябри соли 2024 дар вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» («Скала-2024») бо воҳидҳои мақомоти ваколатдор дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Давлатхои аъзои СПАД доир шуд.

Дар ин тамрин наҷотбахшон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

4 сентябри соли 2024 ду марҳилаи машқҳо таҳия гардида, дар доираи он дар шакли бозии фармондеҳию ситодӣ кори ситодҳои фаврии машқи намудани амалҳо дар ҳолати таҳдид ва ҳодисаи заминларза ташкил карда шуд.   Марҳилаи саввум қисми амалии машқҳо дар пойгоҳи тамринӣ дар самти таълими ҷузъу томҳои наҷотбахши СПАД «Рок-Сити-Остона» буд.  

5 сентябри соли 2024 бо иштироки раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Котиби Генералии СПАД. И.Тасмагамбетов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус В. Синявский, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ч. Аринов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон Б. Ажикеев, вазири корҳои мудофиаи гражданй, вазъияти фавкулодда ва рафъи офати табиии Русия А. Куренков маросими пӯшидашавии тамринҳо баргузор шуд.

Тибқи ривояти машқҳо дар ҳудуди шаҳрак дар натиҷаи заминларзаи харобиовар бинову иншооти истеҳсолӣ хароб шуда, пул фурӯ рехта, аз омилҳои дуюмдараҷа моддаҳои хатарноки кимиёвӣ ва радиоактивӣ берун омада, сӯхторҳои гуногун ва  талафоти ҷонӣ ба амал омад. 

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ҳавопаймоҳо иктишофи минтақаи зилзиларо анҷом дода, дастаҳои наҷотбахши таъиноти махсусро бо кинологҳо ба замин фуруд оварданд. Амалиёти наҷотро дар минтақаи харобшавии иншооти сохтмонӣ ва дар шароити олудашавии кимиёвии минтақа, безараргардонии минтақа анҷом доданд. 

Илова бар ин, чорабиниҳои муштарак оид ба хомӯш кардани сӯхтор ва анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва садамавӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон, ҷойгир ва ташкили кори бошишгоҳи саҳроӣ барои аҳолии зарардида, лабораторияи кимиёвии саҳроӣ таҳия карда шуданд.

Дар рафти корҳои имдодрасонӣ воҳидҳои оташнишонӣ ва наҷот, ҳавопаймоҳои наҷот, як ҳавопаймои бесарнишини навъи чархбол ва таҷҳизоти роботӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ин тамринот наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СПАД на танҳо малакаҳои амалии худро дар рафъи оқибатҳои заминларзаи харобиовар такмил доданд, балки дар самти баргузории корҳои имдодрасонӣ табодули таҷриба карданд.

Дар маҷмӯъ, машқҳои воҳидҳои наҷотбахши панҷ кишвар нишон доданд, ки нерӯҳои муштарак қодиранд дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда бомуваффақият ҳамкорӣ кунанд.

барчасп: