Шабонарӯзи гузашта ба қаламрави кишвар ҳодисаи нохӯше рух дод, ки бар асари он як духтари 16-сола ҷон бохт. Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, рӯзи 23-уми октябри соли равон тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст.
Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд.
Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дао остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва тани танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳони дорувор фиристоодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.
Дар мавриди хабари ёдшуда метавон гуфт, ки бахусус тани танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳ, бемсъулиятие беш нест.
Волидон бояд бидонанд, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакону наврасон Ҳукумати кишвар рӯзи 2-уми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул намудааст. Волидон ба саломатӣ, тарбияи фарзандон ва шароити зисти онҳо масъуланд.
Бачаҳои худро эҳтиёт кунед, чун маҳз онҳоянд идомаи зиндагии Шумо!