Ризо Баҳромзод, донишманди ҷавони тоҷик дар бораи ҳодисаи астрономии гирифтани Офтоб хабар дод. Вай дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Имрӯз яке аз ҳодисаҳои ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз Тоҷикистон ҳам мушоҳида карда мешавад. Оғози гирифт соати 15:27:58,2, максимуми он дар 16:39:11.6, ва дар соати 17:43:46.7 (ба вақти Душанбе) анҷом меёбад, аммо ғуруби Офтоб пеш аз поёни гирифт ба амал мояд.
Дар шаҳри Душанбе дар ҳолати максимум 64,49%-и сатҳи Офтобро Моҳ мепӯшад.
Ҳодисаҳои гирифти Офтобу Моҳ, ки дар осори гузаштагони мо бо номҳои Кусуф ва Хусуф низ истифода шудаанд, ҳодисаи табиӣ буда, ба инсонҳо зарар намерасонанд.
Шарҳи илмии Офтобгирифтагиро шумо аз матлаби зер муфассал бихонед: ОФТОБГИРИФТАГӢ ВА ШАРҲИ ИЛМИИ ОН