Таҳлили физикӣ-кимиёвӣ ва микробиологии обҳои Кофарниҳон анҷом шуд

21 – уми декабри соли 2016 Маҷмааи уммуии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатъномаи A/RES/71/222 ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028”- ро қабул намуд. Ин пешниҳод ва ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷараёни 7-умин ҳамоиши Байналмилалии об дар Куриё ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ҳушдор медиҳад!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 25-уми январи соли 2017 дар қаламрави кишвар ҳарорати ҳаво поён рафта, борони ба барфи тар гузаранда дар назар аст. Дар чунин ҳолатҳо часпиши барфи тар ба симҳои интиқоли барқ ва дарахтон пешбинӣ мешавад. Дар роҳҳи куҳӣ пайдо шудани ғарами

Мулоқот бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон

13-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон – ФОКУС бо сарварии Директори иҷроияи он ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолии кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои

Ҷаласаи байниидоравии гуруҳи корӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

12-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ҷаласаи навбатии гуруҳи коршиносон оид ба таҳияи “Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2017-2030” баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори

Рустам Назарзода бо Сафири Фаронса роҳандозии тарҳҳои нави ҳамкориҳоро баррасӣ кард

12 – уми январи соли 2016 дар кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин шудааст, баргузор шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хонум Гуедарро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи сафирӣ дар кишвари мо муборакбод кард ва барояш комёбиҳо хост.

Страницы