Таҳлили физикӣ-кимиёвӣ ва микробиологии обҳои Кофарниҳон анҷом шуд

21 – уми декабри соли 2016 Маҷмааи уммуии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатъномаи A/RES/71/222 ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028”- ро қабул намуд. Ин пешниҳод ва ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷараёни 7-умин ҳамоиши Байналмилалии об дар Куриё ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонида шуд.  

Дар доираи татбиқи қатъномаи мазкур Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии “Биоппрепарат” –и Академияи илмҳои кишоварзии кишвар тарҳи муштараки байниидоравии таҳқиқоти ҳолати экологӣ, аз ҷумла омӯзиши физикӣ-кимиёвии параметрҳои об ва муайян намудани таркиби микробиологии оби дарёи Кофарниҳон ва шохобҳои асосии он ба дарёҳои Варзоб, Хонақоҳ ва Элокро таҳия ва мавриди амал қарор доданд. 

Ҳамчунин дар имтидоди соҳилҳои дарё гамма-навори автомобилӣ бардоштанд. Андозагирии аввал баландии гамма-фонро нишон надод. 

Дар хотимаи таҳқиқот ҳолати экологии обанбори дарёи Кофарниҳон арзёбӣ шуд ва манбаъи ифлосии оби дарё ошкор гардида, ҳолати микробиологии дарё, аз ҷумла таъсири ифлосшавии дарёҳо ба шаҳрҳои  Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат арзёбӣ мешавад. 

барчасп: