12-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ҷаласаи навбатии гуруҳи коршиносон оид ба таҳияи “Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои солҳои 2017-2030” баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва раёсатҳои пешбари КҲФ ширкат карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон бобҳои асосии лоиҳаи Стратегия ва масъалаҳои мувофиқакунонии он бо вазорату идораҳоро баррасӣ карданд.