13-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии байналмилалии кӯмакҳои башарии Оғохон – ФОКУС бо сарварии Директори иҷроияи он ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини ҳифз ва бехатарии аҳолии кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳалли масъалаҳои кӯмакҳои башардӯстона, ҳамчунин самтҳои нисбатан муҳими ҳамкориҳои КҲФ ва ФОКУС дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои дигаре аз қабили таҳкими моддӣ-техникии Ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мустақар ба ВМКБ, омӯзиш ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Дар поёни дидор ҷонибҳо ба ҳамкориҳои муфиди дуҷониба таъкид намуданд.