Ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари сӯхтор дар яке аз калонтарин бозорҳои пойтах – бозори “Султони Кабир” соати 07:27 дақиқаи рўзи 25 январи соли 2020 расид. Ва ба тариқи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса воҳидҳои дахлдор ҷиҳати ширкат дар хомӯш кардани забонаи оташ равон карда шуданд.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе бо ду адад техникаи махсус дар ҳайати 12 нафар, ҳайати шахсии Раёсати шаҳри Душанбе бо як адад техникаи махсус дар ҳайати 10 нафар ва аз Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобиву наҷодиҳии Кумита бо чор адад техника дар ҳайати 15 нафар сафарбар карда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки наҷотдиҳандагони Раёсати шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобиву наҷотдиҳии Кумита дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он кору фаъолият намуда, аз мағозаҳои оташзада молу амволи соҳибкоронро ба ҷои бехавф бароварда, ба хомўш намудани алангаи оташ кўмак расониданд.
Дар хомӯш кардани сӯхтор 16 автомашинаи оташнишонии ВКД бо 348 нафар кормандони оташнишонӣ ва 200 кормандони дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе барои таъмини тартибот сафарбар карда шуданд.
Бино ба маълумоти пешакии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ, оташ соати 9.30 пурра хомӯш карда шуд. Ин манбаъ зарари расида аз оташсӯзиро тахминан 800 ҳазор сомонӣ эълон кард ва дар хабар гуфта мешавад, ки аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ эмин дошта шуд.
Оид ба ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, сабабу омилҳо ва зарари аниқи оташ муайян карда мешавад.
О.Фахриддинзода
МАТОЛИБИ ҲАМСОН
-
Сӯхтор дар “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе. Касе осеб надидааст. ВКД сабаби сӯхторро эълон кард: истифодаи нодурусти яхдон
-
Ҳалокати модар ва ду тифлаш дар сӯхтори деҳаи Баҳори Панҷекат
-
Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол
-
Сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе. Талафоти ҷонӣ нест
-
Сӯхтор дар киштии ҳарбии Амрико 21 нафарро маҷрӯҳ кард
-
Сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода масоҳати 115 м2-ро бо панҷ дӯкон ба коми худ кашид. (ВИДЕО)
-
Сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”-и пойтахт
-
Сӯхтори рӯзи гузашта 3000 м2 заминҳои талу теппаҳои деҳаи Шодоби Варзобро ба коми худ кашид
-
Теъдоди кушташудагон дар сӯхторҳои азими Австралия ба 27 нафар расид (ВИДЕО)