Сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода масоҳати 115 м2-ро бо панҷ дӯкон ба коми худ кашид. (ВИДЕО)

Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта, 15 декабри соли равон рух дод. Забонаи оташ дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид. Ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд.

Сабаби сӯхтор  маълум нест. Бино ба маълумоти расида он  дар 5 (панҷ) дукони ашёҳои рӯзгор сар зада,  масоҳати умумии он 115 м2-ро  ташкил дод.  

Талафоти ҷонӣ  бар асари сухтор ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: