Сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе. Талафоти ҷонӣ нест

Баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе, 31-уми октябри соли равон тибқи як хабари сӯхтор дар кӯчаи Абдулло Назрии шаҳри Душанбе дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд.

Оташи сӯхтор аз хонаи №52 ба хонаҳои 42, 44,46,  48, 48/1, 50 ва 54 расид ва масоҳати ба тахмин 200 м2 – ро фаро гирифт. 

Дар хомӯш кардани забонаи оташ дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнинонӣ, бо истифодаи 6 адад техникаҳои махсуси сўхторхомушкунӣ ва 2 адад техникаи обкашӣ ширкат карданд ва дар як муддати кутоҳ садди роҳи густариши доманаи сӯхтор шуданд. 

Дар айни замон мақомоти зидахл сабабҳои сар задани сӯхторро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Дар ин рӯйдоди нохӯш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

О.Фахриддинзода