Тозаахбори ин соат. Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол

Дар сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ёвон 8 нафар ҷароҳат бардоштанд. Якмарди 63-сола, ки мегӯянд бемории рӯҳӣ дошт, дар канали назди хонаи бародараш ғарқ шудааст. Борони шадид ва жола дар Ҳоит роҳҳоро хароб кардааст. Шамоли сахт дар ноҳияи Турсунзода сабагори харобиҳои зиёд шудааст, ки мизони зарар муайян карда мешавад. . Ғарқи об шудани як марди 63-сола дар Рӯдакӣ. Харобкориҳои шамол ва борону жола дар Турсунзода ва Рашт

Дар сӯхтор ва таркиши нуқтаи сӯзишворӣ 8 нафар ҷароҳат бардоштанд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 23 июни соли 2020 тахминан соати 13:55 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеъ, ки ба сокини деҳаи Алишери Навоӣ дар ҷамоати шаҳраки деҳаи Ҳаёти нав Мирзаков Шералӣ, соли таваллудаш 1990 тааллуқ дорад, сӯхтор сар зад.

Бино ба ҳамин гузориш сӯхтор ҳангоми ба мошини тамғаи “Дулан” мутааллиқ ба шаҳрванди 27-сола Каримзода Асрорҷони Толиб рехтани сӯзишворӣ ба амал омадааст ва мегӯянд сабаб гармии тоқатфарсо буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷа оташ ба дигар зарфҳо, аз ҷумла зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашт, ки бар асари он таркиш ба амал омад.

Хадамоти оташнишонии ноҳия ба ҷои ҳодиса расиданд ва тахминан соати 16:05 дақиқа оташ хомӯш карда шуд. 

Дар ин сӯхтор автомашинаи Дулан корношоям гардида, 8 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 4 корманди хадамоти оташнишонии ноҳия, 4 сокини маҳаллӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳалокати як марди 63-сола, ки дар канал ғарқ шуда буд

Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ғарқ шудани як шаҳрвани 63-солаи шаҳри Турсунзода хабар дод. Ин манбаъ мегӯяд сокини шаҳри Турсунзода ба хонаи бародараш воқеъ дар деҳаи Шафақи ноҳияи Рӯдакӣ меҳмон буд ва шаби 21 ба 22 июни соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа дар канали назди хонаи бародараш афтода ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ки марҳум бемории руҳӣ доштааст. Ҷасади ӯро  аҳолии деҳа тахминан соати 06:00 дақиқаи рӯзи 22 июн аз назди мактаби деҳаи Шафақ, аз дохили канал пайдо кардаанд.  

Борону жола ва шамоли харобкор дар ноҳияҳои Рашт ва Турсунзода

Борон ва жолаи сахт дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт роҳҳои маҳаллиро шуста хароб кардааст. Ҳамчунин ба замини 15 хоҷагии сокинон лойқа даромада ва зарари моддӣ расондааст.

Ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи 23-уми июн рух додааст. Бино ба гузориши шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт ҳоло бо ширкати фаъолонаи сокинон паёмадҳои ин харобӣ бартараф карда мешавад.

Шарҳи ҷараёни корҳо ин ҷо нашр хоҳад шуд.

Ҳамчунин  шӯъбаи Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода хабар дод, ки субҳи бар маҳали рӯзи 23 июни соли 2020 тахминан соати 05:10 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт болопӯши хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ ва иншоотҳои ёрирасони қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаобод, кӯчаҳои Ҷӯрабой Узоқов ва Исмоили Сомонӣ зарар диданд.

Айни ҳол, ҷиҳати бартараф намудани оқибати ҳолати фавқулодда ва муайян намудани ҳаҷми ҳисорот, Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият дорад.

барчасп: